0 просмотров
Рейтинг статьи
1 звезда2 звезды3 звезды4 звезды5 звезд
Загрузка...

Коронавирус дар точикистон видео

Коронавирус воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистонро кам кард. ВИДЕО

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи хуруҷи коронавирус дар Чин, ҷониби Тоҷикистон дар воридоти моли чинӣ маҳдудият ҷорӣ накардааст. Аммо мақомот мегӯянд, аллакай дар моҳи феврал воридоти мол аз Чин коҳиш ёфт. Чин яке аз кишварҳои муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон аст, ки бештари молҳои ниёзи мардум аз онҷо ворид мешавад. Аз ҳоло нигарониҳое вуҷуд дорад, ки коҳиши воридот аз Чин ба нархи бозор таъсир мегузорад.

Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти хабарӣ талош кард нишон диҳад, ки пайдоиши вируси нав ҳеч мушкиле дар додугирифт бо Чин ба миён наовардааст. Ҳарчанд оморҳои худи Хадамоти гумрук нишон медиҳанд, ки дар моҳи феврал 51 мошини борбар камтар мол аз Чин ворид шудааст, аммо муовини аввали роҳбари ин ниҳод инро ба дигар омил рабт дод. «Моҳи январ-феврал барои ҷумҳурии Чин соли нав аст»,-гуфт Азим Турсунзода.

Мақомоти чинӣ ҳам аз коҳиши тиҷорат бо ҳамсоякишварҳо суҳбат мекунанд. Идораҳои расмии Чин дар суҳбат бо хабаргузории «Ассошиэйтед пресс» гуфтаанд, сирояти вирус ба интиқоли молу колои чинӣ тавассути ҳамсоякишварҳо аз ҷумла Кореяи Шимолӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Ветнам таъсири манфӣ гузоштааст.

Чин яке аз кишварҳои аслии воридкунандаи маҳсулот ба Тоҷикистон аст. Тоҷикистон ба ҷуз аз хӯрокворӣ ва маҳсулоти нафтӣ, бештари молҳои ниёзи мардумро аз Чин ворид мекунад. Додугирифти солонаи ду кишвар зиёда аз 650 миллион долларро ташкил медиҳад.

Пайдоиши вируси нав ва назорати сахт барои вуруд ва хуруҷ ба Чин тоҷирони зиёдеро дар Тоҷикистон нигарон кардааст. Тоҷирон мегӯянд, баста шудани роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Чин дар пайи хуруҷи ин вирус, тиҷорати онҳоро мушкил кардааст ва чунин вазъ метавонанд ба болоравии нарх дар бозор сабаб шавад.

Акрам, яке аз тоҷирони бозори «Корвон» мегӯяд, ӯ ва чанд рафиқи тоҷираш бояд ин рӯзҳо барои овардани либоси баҳорӣ ба Чин раванд, аммо наметавонанд. Аз як тараф тарс аз гирифтор шудан ба вируси нав, аз сӯи дигар баста будани роҳи ҳавоӣ, тоҷирони тоҷикро ин шабу рӯзҳо ба сардаргумӣ овардааст.

«Агар то охири феврал натавонем ба Чин барои либосворӣ равем, намедонем бо сар шудани моҳи март ба харидорон чӣ пешниҳод мекунем. Захираи соли гузаштаамон кам аст. Боз вақте маҳсулот кам аст, нарх ҳатман баланд меравад»,-гуфт ин тоҷир.

Коронавирус: 300 нафар дар Тоҷикистон дар карантин қарор доранд

Дари беморхонаи сироятии пойтахт барои дигарон баста аст.

300 нафар мусофироне, ки аз Чин ба Тоҷикистон омаданд, дар карантин ба муҳлати 14 рӯз ҷойгир карда шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар онҳо аломатҳои сирояти коронавирус ошкор нашуда, ба хотири пешгирии паҳншавии беморӣ онҳо 14 рӯзро, ки маҳз ҳамин давра муҳлати инкубатсионии вирус давом мекунад, дар карантин мегузаронанд.

Ба иттилои манбаъ, аз шумори омадагон беш аз 220 нафар дар беморхонаи сироятии пойтахт бистарӣ шудаанд.

“Айни замон беморхонаи сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшон барои қабули дигар беморон баста аст. Он ҷо беш аз 220 кас бистариянд. Боз 80 нафар дар минтақаҳои карантинии дигар вилоят ва ноҳияҳои кишвар қарор доранд. Беморони худи дармонгоҳро дар беморхонаи сироятии клиникии кӯдаконаи шаҳри Душанбе ҷойгир карданд”, — хабар дод манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, миёни касоне, ки дар карантин мебошанд, асосан донишҷӯёну тоҷирон ва ҳамчунин шаҳрвандони Чин, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, ҳузур доранд.

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ҳамаи шахсони аз Чин омадаро санҷида, ба беморхонаи сироятии маҳаллаи Зарафшон фиристоданд. Зикр гардид, ки онҳо аз Чин тариқи хатсайри Алмаато-Душанбе омадаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ, дар робита ба қатъи парвозҳо донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон зимни сафар ба хонаҳояшон аз Чин дучори мушкилот шудаанд. Дар Facebook рӯзи якшанбе навори видео нашр шуд, ки дар он эътирози донишҷӯён аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фурудгоҳи шаҳри Сиани Чин мушоҳида мешавад. Онҳо лавҳаҳо бо навиштаҷоти англисии “Мо хона рафтан мехоҳем!”-ро дар даст доранд.

Гап сари он аст, ки ширкати ҳавопаймоии русиягии «Уральские авиалинии» донишҷӯёни хориҷиро ба дохили ҳавопаймо роҳ надод, ҳарчанд онҳо ба ҳамин хатсайр чипта доштанд. Ба гуфтаи донишҷӯёни тоҷик, ба дохили ҳавопаймо танҳо шаҳрвандони Русия роҳ дода шуданд. Ба дархости “Азия-Плюс” дар бораи сабаби чунин амал аз хадамоти матбуоти «Уральские авиалинии» то ҳол посух нарасидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Коронавирус в Таджикистане — сегодня

Пандемия вируса COVID-19 уже охватила 199 стран. В мире зарегистрировано 872893 случаев заболевания, из них 43271 имели летальный исход. Таджикистан до сих пор остается в стороне от мировой эпидемии.

Статистика заболеваемости COVID-19 в Таджикистане на сегодня

По состоянию на начало апреля 2020 года случаев заражения коронавирусной инфекцией в стране не зарегистрировано.

Противоэпидемический штаб усилил контроль в приграничной зоне. Все приезжающие люди помещаются на обязательный 14-дневный карантин в санатории и инфекционные клиники в Душанбе, Варзобе, Согдийской и Хатлонской областях и других районах.

Министерство здравоохранения республики сообщило, что за все время на карантин были размещены 6159 человек. Тех, кто самовольно покидает карантинную зону, полиция принудительно вернет в больницу. Административная или уголовная ответственность за побег пока не грозит.

Уже более недели граждане Таджикистана не могут вернуться домой из других государств. Границы Турции и России закрыты на въезд и выезд для всех людей, включая иностранцев, которые хотят вернуться на родину. Авиасообщение практически полностью остановлено. Люди вынуждены продлить пребывание в стране за свой счет. Они поддерживают связь с консульством каждый день. Посол РТ Имомуддин Сатторов заявил, что в ближайшее время эвакуационных рейсов из Москвы в Душанбе не будет. Для безопастности миллионов, правительство вынужденно действовать именно таким образом. Такое мудрое решение РТ соотвествует совету Пророку Мухаммаду ©. Пророк © говорил: «Если вы находитесь в больной среде не покидайте ее».

Почему в Таджикистане нет заболевших коронавирусом

Департамент по экономическим и социальным вопросам ООН опубликовал статистику. Согласно этому исследованию, в стране низкий процент пожилого населения, для которого эпидемия особенно опасна.

  • 35% населения составляют несовершеннолетние дети
  • 35% молодежь до 24 лет
  • 19% людей в возрасте до 59 лет
  • 11% приходится на пожилых людей

Средняя продолжительность жизни составляет 73,7 лет. В Италии, наиболее пострадавшей от коронавируса, этот показатель гораздо выше – 83,5 года.

Туризм в Таджикистане не сильно развит. По сравнению с европейскими государствами, страну меньше посещают иностранные туристы. Местные аэропорты принимают небольшое количество пересадочных рейсов, а стоимость билетов довольно высокая. Такая отстраненность от мирового туризма могла пойти на пользу стране, так как инфекция распространилась по миру в основном вместе с путешественниками. Местные жители путешествуют мало по сравнению с другими странами. Позволить отпуск за границей могут позволить себе немногие. Значительная часть населения уезжает на заработки за рубеж, и возвращается домой один раз в год.

Основные транзитные международные пути проходят через Казахстан и Китай, которые были закрыты в самом начале распространения вируса. Обязательный карантин для въезжающих из-за рубежа был введен уже в конце декабря, когда в КНР только заговорили о вероятной эпидемии.

Уровень здравоохранения в стране ниже, чем в Европе и Северной Америке. Есть вроятность, что если на территории Таджикистана есть заболевшие, эти случаи не были диагностированы. Но это только предположения самих граждан Таджикистана. Кроме того, во многих случаях заболевание протекает без симптомов или в легкой форме простуды. Многие люди лечатся дома и не обращаются к медикам как и во многих странах. Диагностика респираторных заболеваний и пневмонии применяется не во всех медицинских учреждениях. В больницах наблюдается нехватка оборудования и экспресс-тестов для диагностики Sars-Cov-2. Было только 2000 тест-систем на 10 миллионов человек. Не все врачи умели правильно обращаться с ними. В последние дни в Таджикстан привезли большую партию средств защити и оборудования, а медики проходят срочное обучение для обеспечения качественного лечения.

В декабре в стране зафиксировали вспышку острого гриппа. Признаки были нетипичными для этой болезни: сильная лихорадка, кашель и рвота. Некоторые эпидемиологи утверждают, что большая часть населения уже переболела инфекцией COVID-19 и выработала иммунитет.

Вирусолог Михаил Фаворов считает, что существенную помощь оказало окуривание помещений сухой травой гармала, которую традиционно используют в Средней Азии. Она эффективно обеззараживает помещения. Весомый вклад в борьбе с вирусом внесли и религиозные привычки — перед чтением молитвы мусульмане совершают омовение. Люди пять раз в день тщательно моют руки, лицо и ноги, чем снижают риск заражения многими инфекциями.

Как власти Таджикистана готовятся к возможной эпидемии

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон распорядился принять срочные меры по подготовке специалистов высокого уровня. Учреждения сферы здравоохранения должны быть готовы к приему множества больных с осложнениями пневмонии. Клиники получат современное медицинское оборудование и несколько аппаратов ИВЛ. Начато строительство больницы на 300 коек в Дангаринском районе. Во всех поселках будут созданы медицинские центры. Министерство социальной защиты начало набор группы волонтеров для проведения разъяснительных работ среди населения.

Занятия в школах, вузах и детских садах продолжаются, так как до сих пор не было выявлено ни одного случая заражения коронавирусом. Правительство ограничило проведение общественных мероприятий, чтобы избежать большого скопления граждан. Пятничные намазы в мечетях запрещены.

Россия отправила Таджикистану 20 000 тестов для выявления COVID-19. КНР передала наборы реагентов для выявления коронавируса для 2000 исследований, а также 1000 защитных комбинезонов и 500 бесконтактных термометров.

Ссылка на основную публикацию
Статьи c упоминанием слов:
Adblock
detector