0 просмотров
Рейтинг статьи
1 звезда2 звезды3 звезды4 звезды5 звезд
Загрузка...

Коронавирус дар таджикистане

«Маршировка» дар Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз коронавирус қатъ шуд

Мақомоти Тоҷикистон тамрини роҳпаймоӣ ё «маршировка»-и донишҷӯёнро барои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи имсола қатъ кардаанд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 4-уми март гуфт, ин кор бо ҳадафи «худдорӣ аз харҷи маблағҳо» ва «пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID-19)» гирифта шуд.

«Ба раҳбарони мактабҳо дастур дода шуд, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар алоҳидагӣ ва дар доираи муассисаи таълимӣ. баргузор кунанд», — гуфта шудааст дар баёнияи дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илм.

Ин дар ҳолест, ки Мирҳомуддин Камолзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус мавзӯи манъи таҷлили Наврӯзи имсоларо баррасӣ дорад.

Ӯ афзуд: «Тасмими ниҳоӣ дар ин бора то бегоҳи чаҳоршанбе муайян мешавад. Натиҷаашро эълон мекунем».

Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ гуфтанд, ҷашни байналмилалии Наврӯз мисли солҳои гузашта бо ҳузури зиёди мардум ҷашн гирифта нахоҳад шуд.

Қарор буд, ҷашни асосии Наврӯзи имсола рӯзи 22-юми март дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон» дар Хуҷанд ва бо иштироки беш аз 7 ҳазор нафар баргузор шавад.

Вируси нав ба иқтисоди Тоҷикистону Осиёи Марказӣ «сироят» мекунад

Аз ин пеш дар се масҷиди шаҳри шаҳри Душанбе рӯзи 3-юми март ба намозгузорон эълон кардаанд, ки муваққатан аз намози ҷамоат дар масҷид худдорӣ кунанд. Чунин машварат ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли паҳн шудани коронавирус карда шудааст.

Шоми сешанбе намозгузорон аз се масҷиди пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чунин эълонро аз забони домуллоҳо шунидаанд. Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансур гуфт, ба намозгузорон эълон карданд, ки муваққатан аз омадан ба масҷид ва хондани намози ҷамоат дар масҷид худдорӣ намоянд. Ӯ иброз дошт, «ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз хатари сирояти коронавирус буда, ба нафъи сокинон аст».

Пешнамози Масҷиди ҷомеи Шоҳмансур, воқеъ дар назди бемористони “Ёрии таъҷилӣ”, рӯзи 3-юми март қабл аз намозҳои шом ва хуфтан эълон кард, ки бинобар хатари паҳншавии коронавирус, намозҳо ба таври дастҷамъӣ ё боҷамоат гузорида намешаванд. “Қавмҳои азиз, моро дуруст фаҳмед, супориш аст”, — афзуд вай. Аммо вай нагуфт, ки аз кадом ниҳод чунин супориш дарёфт карданд.

Коронавирус! Чиро бояд донист ва чӣ бояд кард?

Коронавирус декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд ва аз он замон то кунун босуръат дар даҳҳо кишвари ҷаҳон паҳн гардид. Дар ин муддат дар саросари ҷаҳон беш аз 3000 нафар ҷон бохта, беш аз 90 ҳазор тани дигар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Дар Тоҷикистон, ки ба қавли мақомот ҳеҷ ҳодисаи тасдиқшудаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, тадбирҳои санҷиш ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин вирус рӯи даст гирифта шудааст. Аз ҷумла, беш аз як ҳазор нафар, асосан онҳое, ки аз Чину дигар кишварҳо сафар кардаанд, аз 14 рӯзи карантин гузашта, баъдан ба хонаҳояшон ҷавоб шуданд.

Коронавирус дар таджикистане

Дар моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин хурӯҷи пневмония сабт карда шуд, ки он бо таъсири намудани номаълуми коронавирус ба вуҷуд омадаст. Аввалин шахсони ба ин бемори дучоршуда, меҳмонони бозори маҳсулотҳои баҳрии ҳамин минтақа мебошанд ва баътар аниқ шуд, ки ин намуди вирус аз одам ба одам мегузарад.
Аз рӯйи охирон маълумотҳо моҳи феврал дар Чин зиёда аз 85000 одамон бемории коронавирус шуда, зиёда 2700 нафар фавт кардаанд. Берун аз Чин одамони ба коронавирус дучоршуда зиёда аз 4000 ташкил медиҳад, ки дар давлатҳои ба монанди Итолиё, Эрон, ИМА, Канада, Русия, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Австралия ва ғайра қайд карда шудаанд.

Синдроми респиратории осиёи наздик (СРОН) вируси бемории респираторӣ буда, бо тасири коронавируси нав ба амал омадааст, ки он бори аввал дар Арабистони Саудӣ соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд.
Коронавирусҳо оилаи калони вирусҳое, ки имконияти ба амал овардани бемориро аз шамолхурии одӣ то ба синдроми респиратории вазнин дорад.
Аломатҳои одии СРОН ин таби баланд, сулфа ва нафасгирӣ мебошад. Аммо, бисёр ҳолатҳои ин бемори дар лабораторияҳо ҳамчун бемориҳое, ки бе ягон аломатҳо ба вуҷуд омадаанд қайд шудаанд.
Тақрибан 35-40% беморони бо СРОН сабт шуда, фавт намудаанд. Бисёри ҳолатҳои гузариши ин вирус аз як шахс ба шахси дигар танҳо ҳангоми алоқаи зич, мисол ҳангоми расонидани тиббӣ бе воситаҳои муҳофизатӣ мегузарад.
Тахмин карда мешавад, ки хурӯҷи вирус бо расонидани ёрии тиббӣ вобаста, асосан дар Арабистони Садуӣ, АМА ва Кореяи Ҷанубӣ бисёр мебошад.

Аломатҳо (Симптомҳо)

Зуҳуроти клиникии сирояти СРОН аз набудани ягон аломатҳо ва ё аломатҳои респирптории сабук то бемории бемориҳои шадиди роҳи нафас ва фавт иборатанд.
Расми хоси СРОН ин асосан табларзаи баланд, сулфа ва нафасгирӣ меошанд ва одатан, аммо на ҳамеша пневмония ошкор карда мешавад. Аломатҳои гастроэнтрологӣ, аз ҷумла дарунравӣ низ сабт карда мешаванд. Дар ҳолати вазнини ин беморӣ ҳабси нафас пайдо мешавад, ки вентилятсияи механикӣ ва кӯмакро дар шаъбудаи реаниматсионӣ талаб мекунад. Ба назар расида истодааст, ки нн вирус асосан дар байни одамони калонсол, онҳое, ки систмеаи иммунитети паст дошта ва шахсони гирфитори бемориҳои музмин (хроникӣ), аз қабили саратон, бемориҳои музмини шуш ва диабет мебошанд бемории шадидро ба амал меоранд.

Сарчашмаи вирус

СРОН вируси зоонотикӣ, яъне вирусе, ки байни ҳайвоноту одамон мегузарад. Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки одамон тавассути алоқаи мустақим ва ғайримустақим бо шутурони сироятёфта сироят меёбанд.
Пайдоиши ин вирус то ҳол пурра маълум нест, аммо тибқи таҳлили геномҳои гуногуни вирус, чунин ҳисобида мешавад, ки он дар байни “кӯршапаракҳо” сарчашма гирифта, ба шутурҳои якпокка гузариш намудааст.

Роҳи гузариш

Гузариш аз ҳайвон ба одам: Маълумоти пурраи аниқ оиди гузариш вуҷуд надорад, аммо шутурони якпок мумкин аст, ки сарчашмаи асоси СРОН ва манбаи сироят ба одамон бошад. Дар шутурҳо дар якчанд кишварҳо, аз ҷумла Миср, Оман, Қатар ва Арабистони Саудӣ ташхис шудаанд.
Гузариш байни одамон: ин вирус ба одамон бо осонӣ гузариш намекунад, агар ягон алоқа вуҷуд надошта бошад, масалан ҳангоми расонидани ёрӣ бе воситаҳои муҳофизатӣ. Дар муассисаҳои тиббӣ гурӯҳҳо ба вуҷуд омадаанд, ки дар он ҷой гузариш байни одамон бештар аст, хусусан агар усулҳои пешигрӣ ва назорати сироят ба таври кофӣ иҷро нашуда бошанд. Гузариши сироят аз одам ба одам маҳдуд буда, дар байни аъзоёни оила, беморон ва кормандони соҳаи тиб рух медиҳад.

Пешгирӣ ва табобат

Айни замон ягон, доруи мушаххас ё ваксина барои ин беморӣ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, якчанд ваксинаҳо ва доруҳо таҳия шуда истодаанд. Имрӯзҳо, табобат аз таъин кардани терапияи нигоҳубин, вобаста ба ҳолати бемор иборат аст.
Ҳамчун як чораи умумӣ, ҳар касе, ки ба фермаҳо, бозорҳо, говхонаҳо ва ё ҷойҳои дигар, ки намудҳои дигари ҳайвонтҳо ҳастанд, ҳангоми ба ин ҷойҳо ташриф овардан, бояд ҷораҳои мумии гигиениро риоя намуд, аз ҷумла шустани дастҳо пеш аз он ки ба ҳайвонҳо расидан мебошд.
Истеъмоли маҳсулоти хом ё нокифоя пухташудаи ҳайвонотӣ, аз ҷумла шир ва гӯшт, бо хатари сироятёбӣ бо микроорганизмҳои гуногун алоқаманд аси, ки аз он одамон метавонанд касал шаванд. Маҳсулоти дуруст пухта ё пастеризатсияшудаи ҳайвонот, ки хӯрдан бехатар аст истеъмол кардан мумкин мебошад.

Абдураимзода Ш., Сардори қисми тиббии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.

КҲФ Тоҷикистон

Хабарҳо аз вируси короно: Дар Тоҷикистон 940 нафар дар карантин қарор доранд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба вирус номи нав дод. Теъдоди ҳалокшудагон дар Чин ба 1112 нафар ва сироятёфтагон дар кулли кишварҳои олам ба 44 ҳазору 794 расид. Дар Тоҷикистон 940 нафар дар бемористонҳо барои ташхис бистарӣ шудаанд. Инҳо ҳама афроде мебошанд, ки зарфи чанд рӯзи охир аз гӯшаву канори Чин вориди кишвар шудаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки то кунун ҳеч нишоне аз сирояти ин вирус дар кишвар кашф нашудааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаҳо ва истироҳатгоҳҳои кишвар 940 нафар, аз ҷумла 102 зан, ки аз вилоятҳои мухталифи Чин ба Тоҷикистон омадаанд, дар карантин ба сар мебаранд. Аз ин теъдод 62 нафари онҳо шаҳрвандони Чин мебошанд.

То ба имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи сироят ба ин вирус чӣ дар байни шаҳрвандони кишвар ва чӣ шаҳрвандони Чин, ки ба Тоҷикистон омадаанд, ба қайд гирифта нашудааст.

То 12 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе 406 нафар дар карантинанд;

дар вилояти Суғд — 227 нафар;

дар вилояти Хатлон — 52 нафар;

дар ВМКБ — 29 нафар;

дар шаҳри Ҳисор — 84 нафар (аз ҷумла 6 нафар шаҳрвандони ҶМЧ).

Дар лагери бачагонаи “Барқчиён” 70 нафар, ки 11 нафари онҳо шаҳрвандони Чин мебошанд, низ дар карантин қарор доранд.

Дар шаҳри Турсунзода 9 ва дар осоишгоҳи “Харангон” 63 нафар (5 тани онҳо занон) дар ҳоли ташхис мебошанд.

Касоне, ки дар карантин ҳастанд, зери назорати шадиди духтурон қарор доранд ва ҳамаи онҳо бо ашёи лозим, аз ҷумла бо ғизои гарм таъминанд.

Ҳамаи ин чораву тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси короно ва таъмини амнияти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар андешида шудааст.

Вазъ дар саросари олам

11 феврали соли 2020 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои ин беморӣ номи нави расмӣ интихоб кардааст – короно 19 (COVID-19), ки ишора дорад ба “короно”, “вирус”, “беморӣ” ва соли 2019, ки соли кашфи он аст. То кунун ин беморӣ бо номи илмии 2019-nCoV ёд мешуд.

Бино ба маълумоти расмие, ки мақомот дар Чин расонаӣ карданд, то субҳи рӯзи 12 феврали соли равон шумори фавтидагон аз вируси короно ба 1112 нафар расид. Аз ҷумла дар маркази густариши ин беморӣ вилояти Ҳубей шумори ҳалокшудагон 1068 нафар эълон гардид. То кунун 44 ҳазору 794 нафар (дар Чин 44330) чун сироятшудагон ба ин вирус сабти ном шудаанд.

Вазъи густариши вируси 2019-nCoV дар олам. Омори 12.02.2020

Ссылка на основную публикацию
Статьи c упоминанием слов:
Adblock
detector